Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов ба собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров медали ба номи Назир Турақуловро супорид

1 октябри соли 2018 дар ҳузури аҳли кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов ба собиқадори хизмати дипломатии Тоҷикистон Талбак Назаров ҷоизаи олии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон – медали ба номи Назир Турақуловро супорид.

Т.Назаров, ки 12 сол Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, барои таҳкими муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Дар Қазоқистон кӯшишу мусоидати ӯро барои ба сатҳи боз ҳам баландтар баровардани ҳамкориҳои идораҳои сиёсати хориҷии Қазоқистон ва Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунанд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ Талбак Назаровро бо мукофоти Ҷумҳурии Қазоқистон табрик намуда, қайд кард, муносибатҳои байнидавлатии Қазоқистону Тоҷикистон ба рӯҳияи баланди шарикии стратегӣ ҷавобгӯ аст.

Сафир Н.Сейтимов ба Т.Назаров умри бардавому саломатӣ орзу намуда, ҳоҳони он шуд, ки насли ҷавони дипломатҳои Тоҷикистон аз таҷрибаи ғании дипломатии ӯ бархурдор гарданд. Сафир ҳамчунин аҳли кормандони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро бо иди касбӣ – Рӯзи дипломатҳо муборакбод кард.

Т.Назаров аз роҳбарияти Қазоқистон барои арзёбии баланди хидматҳои худ дар соҳаи дипломатӣ сипосгузорӣ карда, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро таманно намуд.

Created at : 1.10.2018, 11:00, Updated at : 1.10.2018, 11:10